Ссылки доступа

Созишномаи Русия ва Туркия барои эълони оташбас дар Сурия


Тибқи созиши Русия ва Туркия дар бораи Сурия, ки бо иштироки Эрон ба миён омадааст, Башор Асад то интихоботи ояндаи президентӣ дар сари қудрат хоҳад монд.

Дар ин бора хабаргузории Reuters бо истинод ба манобеи худ иттилоъ додааст.

Тарҳи ин се кишварро Димишқ, гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф, ИМА ва кишварҳои Халиҷи форс бояд тасдиқ кунанд. Агар ҷонибҳои даргир аз созишномаи мазкур пуштибонӣ кунанд, идомаи баррасии санад дар Остонаи Қазоқистон баргузор мешавад.

Вазорати умури хориҷии Туркия 28 декабр гуфт, Анқара ва Москва роҷеъ ба тарҳи оташбасе дар Сурия созиш карданд. Ин низоми оташбас дар тамоми қаламрави Сурия, ба ҷуз мавзеи гуруҳҳои террористӣ ба иҷро хоҳад даромад.

XS
SM
MD
LG