Ссылки доступа

Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия идома меёбад


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки ширкати ҳавоии “Ямал”-и Русия натавонист дар музокирот бо далелҳои муътамад ҳақ буданашро собит кунад ва аз ин рӯ мехоҳад аз тариқи додгоҳ мушкилашро ҳал намояд.

Шералӣ Ганҷалзода, вазири нақлиёти Тоҷикистон, 29 декабр гуфт, ки “таҳдиди ба додгоҳ муроҷиат кардан нишонаи он аст, ки ширкати “Ямал” расман ҳаққи парвозро ба кишвар надорад.” Ба гуфтаи вай, ҷониби Тоҷикистон омода аст дар додгоҳ аз манфиати ширкатҳои ҳавоии худ дифоъ кунад.

Ҳамзамон, ҷаноби Ганҷалзода таъкид кард, ки ширкати ҳавоии “Сомон Эйр”, ки ба далели “таҳримҳо”-и Русия имкони парвоз ба шаҳрҳои минтақавии Русияро надорад ва хисороти сангини иқтисодӣ дидааст, метавонад бо чунин даъво ба додгоҳ муроҷиат кунад.

Зимнан, хабаргузории русии "ТАСС" рӯзи 28 декабр аз қавли Андрей Дубров, мудири тиҷоратии ширкати ҳавоии “Ямал” хабар дод, ки дар робита ба манъи парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди Тоҷикистон ин ширкат барои ҷуброни хисороти ворида ба додгоҳ муроҷиат хоҳад кард.

Ба гуфтаи Дубров, ҳоло мизони мушаххаси хисорот ҳисоб нашудааст ва феълан муҳосибон ин корро анҷом медиҳанд. Вай гуфт, рӯзи чоршанбеи 28 декабр парвози ҳавопаймои ин ширкат ба шаҳри Хуҷанд аз фурудгоҳи Жуковский анҷом нашудааст. Дар маҷмӯъ, ин ширкат натавонистааст дар муддати 9 рӯзи ахир ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд парвоз анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG