Ссылки доступа

Ҳашт мақомдори ӯзбек барои маҷбуран ба пахтачинӣ бурдани мардум ҷазо гирифтанд


Дар поёни мавсими ҷамъоварии пахтаи имсола дар Ӯзбекистон 3 мудири мактаб, 2 мудири омӯзишгоҳи касбӣ, 2 раиси хоҷагии деҳқонӣ ва як сардухтур барои иҷборан ба пахтачинӣ баровардани кормандонаш ва афроди ноболиғ ба ҷавобгарии маъмурӣ ҷалб шудаанд.

Мардум тавассути тамоси боварии идораи нозироти вазорати меҳнати он кишвар аз кори маҷбурӣ шикоят кардаанд.

Вазорати меҳнати Ӯзбекистон чанд масъули дигарро барои истифодаи меҳнати иҷбории кӯдакон огоҳӣ додааст.

Пеш аз мавсими ҷамоъоварии ҳосили пахта, мақомоти Ӯзбекистон дар саросари ин кишвар тавассути тоблуҳо мардумро огоҳ карда буданд, ки касе ҳақ надорад онҳоро ба кори иҷборӣ водорад.

XS
SM
MD
LG