Ссылки доступа

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон иваз шуд


Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Кайрат Абдраҳмонов таъйин шуд, хабар медиҳанд расонаҳои он кишвар.

Вазири пешини корҳои хориҷии Қазоқистон Ерлан Идрисов "бо сабаби ба кори дигар гузаштан" аз вазифа сабукдӯш шуд.

Кайрат Абдраҳмонов то ин замон дар СММ Қазоқистонро намояндагӣ мекард. Ерлан Идрисов аз соли 2012 то кунун вазири корҳои хориҷии он кишвар буд.

Ҳамзамон вазири иқтисоди миллии Қазоқистон сабукдӯш ва Тимур Сулаймонов вазири нав таъйин шудааст.

Куандик Бишимбоев, вазири ҳамакнун пешини иқтисоди миллии Қазоқистон бо фармони президент аз вазифа озод шуд.

XS
SM
MD
LG