Ссылки доступа

Дабири нави СММ омода аст, пешниҳоди Трампро баррасӣ кунад


Антонио Гуттериш, дабири кулли СММ, ки ба тозагӣ ба ин мақом интихоб шуд, гуфт, омодааст, то бо президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп мулоқот кунад ва ислоҳоти пешниҳод кардаи ӯро баррасӣ намояд.

Гутерриш, ки 1 январи соли 2017 ба иҷрои салоҳиятҳояш мепардозад, 28 декабр гуфтааст, мехоҳад "ҳарчи барвақттар бо Трамп гуфтугӯи созандаеро ба роҳ монад". "Иёлоти Муттаҳида на танҳо маблағдиҳандаи асосии СММ аст, балки дар фаъолияти ин созмон яке аз элементҳои асосӣ низ ҳаст", - афзудааст Гутерриш.

28 декабр Доналд Трамп гуфт, сармоягузорӣ ба СММ-ро ҳамчун абзори фишор барои ворид кардани ислоҳоти ҷиддӣ дар фаъолияти ин созмон истифода хоҳад бурд. Дар ҳамин ҳол, Трамп дақиқан нагуфтааст, ки чи навъи ислоҳотро дар назар дорад.

Ба гуфтаи Трамп, СММ нерӯи зиёде дорад, ки онро ба кор намебарад. "Шумо кай дидед, ки СММ мушкилеро ҳал карда бошад? Онҳо мушкилро ҳал намекунанд. Онҳо мушкил меофаранд", - мегӯяд Трамп. Ба гуфтаи вай, агар ислоҳоте сурат нагирад, ин созмон вақт ва пулро беҳуда сарф мекунад. Трамп борҳо хабар дод, ки баъди расман ба курсии президентӣ нишастан, интизори ислоҳот дар СММ аст.

XS
SM
MD
LG