Ссылки доступа

Фурӯши маҳсулоти камёфт дар бозорҳои Ишқобод, вале бо навбат


Дар арафаи Соли нав дар бузургтарин бозор ва марказҳои савдои Ишқобод шумор ва номгӯи маҳсулоти фурӯшӣ, аз ҷумла гӯшт ва тухми мурғ, ки моҳҳои ахир камёфт буд, афзоиш ёфтааст.

Гӯшти мурғ дар Туркманистон беш аз як моҳ ва тухм тайи ду ҳафтаи ахир ёфт намешуд. Ҳамчунин имрӯзҳо дар бозорҳои пойтахти Туркманистон гӯшти гов, гӯсфанд, моҳӣ ва маҳсулоти он мушоҳида мешавад.

Бисёри маҳсулот, аз ҷумла қаннодию ширии бозорҳои Ишқобод аз Русия, Украина ва Қазоқистон ворид шудаанд. Ҳамчунин мева ва сабзавоти хориҷӣ низ ба назар мерасад. Вале ин маҳсулот чандон серхаридор нестанд.

Бештари сокинон барои харидани шакари арзону гӯшти мурғи воридшуда дар навбат истода, афзоиши нархи маҳсулоти бозорҳои Ишқобод низ эҳсос мешавад. Дар ҳоли ҳозир, навбатпоии сокинон барои харидани тамоку аслан дида намешавад. Зеро он дар мағозаҳои давлатии Туркманистон хеле камёфт аст.

Ба иттилои сокинони маҳаллӣ, фурӯши тамоку дар мағозаҳои хусусӣ аслан аз баромадгоҳҳои эҳтиётӣ ба роҳ монда шуда, навбатпоиҳо аслан дар тарафи дигари фурӯшгоҳҳо ба назар мерасад.

Мақомоти Туркманистон вақтҳои ахир назорати сокинонеро, ки пушти дари фурӯшгоҳҳо барои харидани ғизо навбат мепоянд, пурзӯр кардаанд. Дар баробари пулис, кормандони мақомоти амниятӣ бо либоси мулкӣ низ навбатпоиро назорат мекунанд. Ҳузури хизматчиёни давлатии Туркманистон дар ин навбатпоиҳо барои ғизо манъ аст ва дар сурати мушоҳида шуданд, аз кор ронда хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG