Ссылки доступа

Украина 15 ҷонибдори ҷудоихоҳонро озод кард


Ҷониби Украина "ихтиёран" 29 декабр ба намояндагони ҷумҳуриҳои худхондаи Донетск ва Луганск 15 асир - 9 марду 6 занро, ки миёнашон захмиёни шадид низ ҳастанд, таслим кард.

Ин 15 нафар бо айби узвият дар гуруҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва нақзи тамомияти арзии Украина боздошт шуда буданд. Таслими асирон ба воситаи гузаргоҳи "Майорск", воқеъ дар марз бо Донетск сурат гирифтааст.

Ҷудоихоҳон низ 27 декабри соли равон "ихтиёран" ду шаҳрванди Украина - додрас Анжелика Преснякова ва рӯзноманигор Олга Своракро таслим доданд.

Занон бо шарофати созишномаи 7 декабри вакили Радаи болоии Украина Надежда Савченко дар Минск раҳо шудаанд. Дар ин рӯз зиндонии пешини Кремл Савченко дар пойтахти Белорус бо раҳбарони ҷумҳуриҳои худхондаи Луганск ва Донетск - Игор Плотнитский ва Александр Захарченко мулоқоти махфие анҷом дода буд.

Дар пайи ин вохӯрӣ Савченко аз ҳайати ҷиноҳи "Баткившна" ва ҳайати Украина дар Ассамблеяи порлумонии Шӯрои Аврупо ва Кумитаи умури дифоъ ва амнияти Рада ихроҷ шуд.

Дар изҳороти 29 декабри Вазорати корҳои хориҷии Украина омадааст, ки ҷониби Русия дар қаламрави худ дасти кам 17 нафар, дар Қрими ғасбшуда бештар аз ин ва дар минтақаҳои ишғолии Донетск ва Луганск зиёда аз 100 сокини ин кишварро ғайриқонунӣ нигаҳ медорад.

Ин ниҳод дар риоя нашудани қарордоди Минск оиди қатъи даргириҳо дар Донбасс ва табодули кулли асирон Москваро масъул хондааст. Бино ба иттилои Хадамоти амнияти Украина, ҳоло дар зиндонҳои зери раҳбарии ҷудоихоҳон дар Донбасс 109 шаҳрванди ин кишвар қарор доранд.

Донетск ва Луганск мегӯянд, дар доираи формулаи "ҳама бо ҳама" омодаанд, ки танҳо 47 украиниро бар ивази 690 ҷонибдори худ, аз ҷумла онҳое, ки барои содир кардани ҷиноятҳои сангин дар Украина зиндониянд, озод кунанд. Вале Киеви расмӣ ин талаби ҷудоихоҳонро ғайри қобили қабул медонад.

XS
SM
MD
LG