Ссылки доступа

Оташбаси нерӯҳои ҳукумат ва мухолифони Сурия


Нерӯҳои ҳукумати Сурия сар аз соати 00-и 30 декабри соли равон амалиёти ҷангиро дар саросари ин кишвар қатъ мекунанд.

Ба иттилои хабаргузории расмии SANA-и Сурия, низоми оташбас ба гуруҳҳои террористии монанди "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳат Фатҳ ал-Шом" (Фронти ан-Нусраи пешин) дахл надорад.

Аз ин созиши Димишқ бо гуруҳҳои мусаллаҳи мухолиф дар бораи эълони оташбас ва гуфтугӯи осоишта Владимир Путин, президенти Русия рӯзи панҷшанбе иттилоъ дод.

Путин дар суҳбат бо раҳбарони вазоратхонаҳои умури хориҷӣ ва дифои Русия - Сергей Лавров ва Сергей Шойгу низ розӣ шуд, ки ҳузури низомиёни кишвараш дар Сурия коҳиш дода шавад.

Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия низ рӯзи панҷшанбе гуфт, Анқара ва Москва талош доранд, то оғози соли нав дар Сурия оташбас эълон ва ба ҳайси кафили он баромад кунанд.

Човушоғлу афзуд, ки тамоми нерӯҳои хориҷӣ, аз ҷумла гуруҳи шиаи Ҳизбуллоҳ бояд Сурияро тарк кунанд. Ҳамчунин зикр кард, ки Туркия мустақиман бо президент Башор Асад гуфтугӯ карданӣ нест.

XS
SM
MD
LG