Ссылки доступа

Соли нави мелодӣ муборак бод!


Бахши хабарии Осиёи Марказӣ аз самими қалб фарорасии Соли нави мелодиро ба тамоми ҳамкорон ва шарикони худ шодбош мегӯяд.

Ҳамкорони азиз, дӯстон ва шарикони муҳтарам!

Иҷозат диҳед, Шуморо аз номи тамоми кормандони Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо Соли нав табрик гуфта, барои тӯли ин як сол - 2016 бо мо буданатон миннатдорӣ баён кунем. Бояд гуфт, шумори умумии шарикони мо тайи соли гузашта ба 1000 ва ҳамкорони фаъоламон ба 600 адад расидааст. Вале муҳимтар аз ҳама, мо тавонистем, дар ин муддати на чандон дароз миёни ҳам бар пояи ҳамдигарфаҳмии касбӣ ва кумаку дастгириҳои дуҷониба ҳамкории хуберо ба роҳ монем.

Тибқи анъана Соли нав оғозу идея ва умедҳои навро низ бо худ дорад. Мо аз самими қалб амалӣ шудани орзую умеди якояки Шуморо дар соли нав таманно дорем. Бигзор, ҳамаи хубиҳои соли ҷорӣ дар соли 2017 низ идома ёбанд ва қаноатмандӣ дар кору комёбӣ дар зиндагӣ ҳамқадами мову Шумо бошад. Бигзор осмон ҳамеша софу фазо ором ва хабарҳо мусбат бошанд.

Бо истифода аз ин фурсат, мехоҳем, ҳамчунин ба шарикону дӯстоне, ки бо мо ҳамкорӣ мекунанд, ба хотири дастгириҳояшон миннатдорӣ баён кунем. Бовар дорем, ки дар соли оянда низ бо ҳам хоҳем буд.

Бо эҳтиром, ҳайати кормандони Бахши хабарии Осиёи Марказӣ.

XS
SM
MD
LG