Ссылки доступа

Раиси пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон озод шуд


Дониёр Норимбоев, раиси пешини дастгоҳи президенти Қирғизистон, ки бо айби тамаъҷуӣ аз хонаводаи Наримон Тюлеев зиндонӣ шуда буд, аз толори додгоҳ раҳо шудааст.

Дар ин бора 29 декабр додгоҳе дар Бишкек ҳукм содир кардааст. 27 ноябри соли 2015 Норимбоев 3 сол зиндонӣ шуда буд.

24 майи соли 2016 додгоҳи шаҳрии Бишкек ҳукми ӯро бетағйир боқӣ гузошт.

Мақомот Норимбоевро ба он айбдор карданд, ки гӯё вай бо мақсади мусоидат ба ҳукми суди Наримон Тюлеев аз хонаводаи вай 200 ҳазор доллар талаб кардааст.

XS
SM
MD
LG