Ссылки доступа

Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия ба нафъи кӣ меанҷомад (гулчин)


Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ахбори Тоҷикистон ва ҷаҳон аз 29 декабри соли 2016 (Видео)

- Мушаррафа Қосимова - Духтари "душмани халқ" модари саҳна шуд. Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон 98-солагии худро таҷлил кард. Ӯ мегӯяд, роҳҳои пурпечутоби зиндагиро тай намуд, ки аз духтари "душмани халқ" эълон шуданаш то ҳунарманди театру кино ва ҳоло даврони пириро дар бар мегирад. (Видео)

- Баҳси ҳавоии Тоҷикистону Русия ба нафъи кӣ меанҷомад. Ширкати русии “Ямал” гуфтааст, ки барои ҷуброни хисороти ворида Тоҷикистонро ба додгоҳ хоҳад кашид. Назари Зафар Абдуллоев, коршиноси тоҷик. (Видео)

- На танҳо сиёҳ ва на фақат сафед: соли 2016 ба ривояти тасвир (нигористон)

- Коктейли солинавии Эгг-ног. Хӯроки шоми идона ба анъанаҳои миллӣ вобаста аст. Барои мисол, дар ИМА дербоз коктейли эгг-ног ба рамзи ҷашни солинавӣ табдил ёфтааст. (видео аз Директ)

- Ҳаҷвияи малика зидди камбудиҳои ҷомеа. Зимни намоишномаи ғайриоддии қадимӣ ҳунармандон мехоҳанд, на танҳо тамошибононро хандонанд, балки мардумро низ водор созанд, то сари нуқсонҳояшон фикр кунанд. (видео аз Директ)

- "Хонаҳои моро диҳед!". Дар Челябинск беш аз як ҳафта мешавад, сокинони як чанд хобгоҳҳо гуруснанишинӣ эълон карда, талаб доранд, ки ба хусусигардонии хонаҳояшон иҷозат дода шавад. (видео аз Директ)

- Алима, Сардор ва Салима аз Бобои барфӣ мехоҳанд, ки ба ҷои хонаи сӯхтаашон хонави нав туҳфа кунад. (Настоящее время)

- Вакили озарӣ шахсони ба Русия рафтаро "партов" хонда, дар бораи худ низ хеле чизҳои навро фаҳмид. (гузориши Настоящее время)

- Телевизиони 1+1 маъмурияти президентро ба ғасбҳои рейдерӣ айбдор кард. Рӯзноманигори телевизиони украинӣ - "1+1", ки ба олигархи бадном Игор Коломойский тааллуқ дорад: ба президент Порошенко аз талошҳои бархеҳо барои лағви иҷозатномаашон шикоят бурданд. (гузориши Настоящее время)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!​

XS
SM
MD
LG