Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон чораҳои амниятӣ дар остонаи Соли нав пурзур шудааст


Мақомоти қудратии Ӯзбекистон чораҳои амниятиро дар остонаи рӯзҳои таҷлил аз Соли нави мелодӣ пурзур кардаанд, хабар медиҳанд расонаҳо аз қавли вазири корҳои дохилии он кишвар Саидкарим Нишонбоев.

"Барои таҷлили бошукуҳи ҷашнҳо субот ва интизом шарти ҳатмӣ аст. Дар ин рӯзҳо мақомоти корҳои дохилӣ талош мекунанд, ки амният ва суботро таъмин кунанд", - гуфтааст Нишонбоев.

Ба гуфтаи вай, маркази баргузории ҷашнҳоро мақомот зери назорати шадид мегиранд.

Дар ҳамин ҳол, Нишонбоев гуфтааст, масъалаи ҳифзи сулҳ ва интизом "дар марҳилаи кунунӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад".

XS
SM
MD
LG