Ссылки доступа

Қирғизистонро дар рӯйхати кишварҳои арзони сайёҳӣ барои соли 2017 шомил карданд


Маҷаллаи молиявӣ ва иқтисодии амрикоӣ Forbes Қирғизистонро дар рӯйхати самтҳои арзони сайёҳӣ барои соли 2017 ворид кард. Дар ин бора сомонаи маҷалла хабар медиҳад. Дар рӯйхат 21 самт аз 17 кишвар шомил шудааст. Дар шарҳи маҷалла навишта шудааст, ки Қирғизистон самти нав ба ҳисоб меравад.

Ба навиштаи маҷалла, 93 дарсади Қирғизистон минтақаи куҳӣ буда, ин кишвар дорои фарҳанг ва таърихи бой аст. Гузашта аз ин, Қирғизистон яке аз кишварҳои диданӣ ва кашфношудаи ҷаҳон аст, менависад маҷалла. Маҷалла Бишкекро маркази омӯзиши Осиёи Марказӣ, мероси Роҳи Абрешим унвон кардааст.

Қирғизистон дар баробари кишвари арзон будан, ҳамчунин дастрас низ ҳаст, менависад маҷалла. Дар шаҳрҳои Қирғизистон бар ивази 15 доллар мешавад хобгоҳ ва дар ивази 2 доллар ғизо дарёфт кард.

Дар ин рӯйхат ҳамчунин Португалия, Куриёи Ҷанубӣ, Руминия, Юнон, Филиппин, Австралия, Тирнидад ва Тобаго, Словакия, Гурҷистон, Лаос, Миср, Боливия, иёлати Юта, Гватемала, Белиз ва Гондурас шомил шудаанд.

Соли 2016 чанд маҷаллаи дигари маъруфи ҷаҳонӣ ба сайёҳон тавсия доданд, ки ба Қирғизистон сафар кунанд.

XS
SM
MD
LG