Ссылки доступа

Задухӯрд дар марзи Озарбойҷону Арманистон: чан сарбоз ҷон додааст


Бино бар иттилои расмӣ, дар натиҷаи задухурди қувваҳои мусаллаҳи Арманистону Озарбойҷон дасти кам 4 низомӣ кушта ва чанд тани дигар захмӣ шудаанд.

Вазорати дифои Арманистон гуфтааст, дар пайи тирпаронии 29 декабр, ки Ереван онро "кӯшиши воридшавии харобкоронаи низомиёни Озарбойҷон ба ин кишвар" хонд, се сарбоз кушта ва чанд тани дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Вазорати дифои Озарбойҷон низ дар навбати худ аз кушта шудани як сарбозаш хабар додааст. Артсрун Ованнисян, намояндаи ин ниҳод дар Фейсбук навиштааст, ки зимни даргирӣ аз ҷониби деҳаи Чинори Арманистон бо снайпер ва гранатомет оташ кушода шуд.

Мухолифати Озарбойҷону Арманистон дар масъалаи минтақаи ҷудоихоҳи Қарабоғи Куҳӣ ду даҳсола аст, ки идома дорад. Ҷудоихоҳоне, ки аз сӯи Арманистон пуштибонӣ мебинанд, дар охири солҳои 80 ва ибтидои солҳои 90-и асри гузашта мустақилияти минтақаро эълон карда буданд. Дар Қарабоғ бештар арманиҳо сукунат доранд.

Ибтидои моҳи апрели соли равон вазъ дар минтақаи баҳсии Қарабоғ якбора бад шуда, даргирӣ миёни низомиёни ду кишвар чаҳор рӯз идома ёфт. Дар натиҷа 75 низомӣ кушта шуданд. Ҳодисаи мазкур бадтарин даргирӣ миёни неруҳои Озарбойҷону Арманистон баъди созишномаи эълони оташбас дар соли 1994 хонда шуд.

XS
SM
MD
LG