Ссылки доступа

Дар Қазоқистон маркази буҳрони хонаводагӣ таъсис ёфт


Дар бораи боз шудани маркази нави буҳрон дар шаҳри Оқтеппа мақомоти Қазоқистон рӯзи панҷшанбе хабар доданд.

Ин марказ барои 200 нафар пешбинӣ шуда, ҳадафи он сарпаноҳ додан ба занону кӯдаконе гуфта мешавад, ки мавриди хушунати оилавӣ қарор мегиранд. Онҳо метавонанд, то шаш моҳ дар марказ ба сар баранд.

Тарҳи мазкур бо ташаббуси ширкати хусусии "Ак-Руно" ва дастгирии давлати Қазоқистон ифтитоҳ шудааст. Ба гуфтаи башардӯст Аскарбек Мамирбоев, марказ ба муроҷиаткунандаҳо кумаки машваратии равонӣ, ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқиро пешниҳод мекунад.

"Ҳадаф беҳтар гардонидани вазъи равонию эҳсосии занон ва боло бурдани сатҳи эътимод ба нафсашон аст", - меафзояд ӯ. Бино ба иттилои расмӣ, солона дар Оқтеппа наздики чаҳор ҳазор зан мавриди хушунати оилавӣ аз тарафи шавҳарашон қарор мегиранд.

Нозири ҳимоят аз ҳуқуқи занон дар Раёсати умури дохилии Оқтеппа Марина Нуримҷонова, мегӯяд, рӯзона ба ҳисоби миёна 4-5 зан аз хушунати хонаводагӣ ба онҳо шикоят мебарад.

XS
SM
MD
LG