Ссылки доступа

Арманистон моҳи апрели соли 2017 ба низоми порлумонӣ мегузарад


Серж Саргсян, президенти Арманистон дар бораи баргузории интихобти порлумонӣ дар таърихи 2 апрели соли 2017 фармон содир кард. Тибқи ин фармон, Арманистон як сол баъд аз интихоботи порлумонӣ аз низоми нимапорлумонии идораи давлат ба низоми комилан порлумонӣ хоҳад гузашт.

Моҳи декабри соли 2015 дар Конститутсияи он кишвар тағйирот ворид шуд, ки бар асоси он тағйирот салоҳиятҳои президент кам ва аз порлумон бештар гардид. Муҳлати президентӣ аз панҷ ба ҳафт сол тамдид, аммо салоҳиятҳои президент асосан рамзӣ шуданд.

Мухолифон гуфтанд, президенти амалкунанда мехоҳад бо ин роҳ қудратро дар даст нигаҳ дорад. Аммо Саргсян посухи рад медиҳад.

Президенти амалкунанда то соли 2018 ба иҷрои салоҳиятҳояш идома медиҳад. Баъди он кишвар бар асоси тағйироти Конститутсия ба низоми порлумонӣ мегузарад, ки президенти ояндаро порлумон интихоб мекунад, на мардум.

XS
SM
MD
LG