Ссылки доступа

ДИ масъулияти ҳамлаи хунини Истамбулро ба зимма гирифт


Масъулияти ҳамла ба клуби шабонаи Истамбулро, ки 39 кушта бар ҷой гузошт, гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" (ДИ) ба зимма гирифтааст, иттилоъ медиҳад The Wall Street Journal.

Дар ҳамин ҳол, пулиси Туркия аз боздошти 8 гумонбар дар робита ба ҳамлаи мазкур хабар медиҳад.

Дар Истамбул шаби 1 январ шахси мусаллаҳе ба клуби шабонаи машҳури "Reina" ҳамла кард, ки дар натиҷаи 39 одам кушта ва наздики 70 тани дигар захмӣ шуданд. Миёни осебдидаҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG