Ссылки доступа

Паёми Отамбоев ба президенти нави Ӯзбекистон


Қирғизистон барои таҳкими минбаъдаи муносибатҳояш бо Ӯзбекистон азми қотеъ дорад. Ин нуктаро президент Алмосбек Отамбоев дар паёми худ ба ҳамтои нави ӯзбекаш Шавкат Мирзиёев изҳор доштааст.

Президенти Қирғизистон ба Мирзиёев барои меҳмонавозию пазироии гармаш зимни боздиди ӯ аз Ӯзбекистон миннатдорӣ баён кардааст. Отамбоев мегӯяд, дидору гуфтугӯ бо Мирзиёевро, ки дар солгарди имзои Созишномаи дӯстӣ миёни Ӯзбекистону Қирғизистон баргузор шуд, бо хӯшӣ ёд мекунад.

"Бо боварии комил гуфта метавонам, ки мо тавонистем масири минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаро муайян созем ва ба ҳамдигарфаҳмии амиқе даст ёбем", - афзудааст Отамбоев.

Ба гуфтаи Отамбоев, созише, ки дар натиҷаи мулоқоти 24 декабри раҳбарони Ӯзбекистону Қирғизистон ба миён омадааст, имкон медиҳад, то ҳар ду кишвар тамоми мушкилот, ҳатто масъалаҳоеро ҳал кунанд, ки тайи чанд соли ахир натавонистанд дар мавридашон ба тавофуқ бирасанд.

Алмосбек Отамбоев дар ин паёмаш ҳамчунин аз президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон даъват кардааст, ки соли 2017 сафари расмиеро ба Қирғизистон анҷом диҳад.

XS
SM
MD
LG