Дар Фарғона боғи ҳайвонот дар масоҳаи 5 гектар сохта шуда, чандин навъи ҳайвонҳои ваҳшӣ ва хонагиро ҷой додааст. Боғи ҳайвонҳои Тошканд ба шаҳри Фарғона 65 сар ҳайвон ирсол кардааст.
Ҳукумати Ӯзбекистон ният дорад, чунин боғро дар Сармақанд низ бисозад ва боғи ҳайвоноти Термизро таъмир кунад.