Ссылки доступа

Ширкати сингапурӣ барои Ӯзбекистон нуриҳои минералӣ истеҳсол мекунад


Ҳукумати Ӯзбекистон ва ширкати сингапурии Indorama созишномаи таъсиси корхонаи муштараки Indorama Kokand Fertilizers-ро имзо карданд.

Ташкилоти нави муштарак дар бахши кимиё дар заминаи корхонаи нуриҳои минералии Қӯқанд сохта ва бо технологияи муосиртарин ба истеҳсоли нуриҳои минералӣ мепардозад.

Дар боробари ба роҳ мондани технологияи муосир, ҳамчунин истеҳсоли нуриҳои нав дар назар аст, ки назирашон то кунун дар Ӯзбекистон мавҷуд набудааст.

Ҳиссаи ширкати хориҷӣ аз ин корхона 75 дарсад буда, ин ширкат бештар аз 80 миллион доллар сармоягузорӣ мекунад. Лоиҳаи мазкур давоми панҷ сол амалӣ мешавад.

XS
SM
MD
LG