Ссылки доступа

Зодагони Қирғизистон дар Москва ба доди ҳамдигар мерасанд


Имрӯз дар Москва зодагони Қирғизистон бо баргузории як ҷаласа, мушкилии муҳоҷиронро баррасӣ ва роҳҳои ҳалли онҳоро меҷӯянд. Дар ин бора яке аз ташкилкунандагони ин ҷаласа Нодир Мурас дар саҳифаи Фейсбук хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, зодагони Қирғизистон дар Москва дар самтҳои мухталиф муваффақ мешаванд, аммо чанд мушкилие мавҷуд аст, ки бояд дар якҷоягӣ ҳал кард ва ба ҳамдигар ёрӣ расонид.

Нодир Мурас менависад, ки дар Русия қонунҳои марбути муҳоҷирон тағйир мехӯранд, аммо бисёриҳо бехабар мемонанд. Ба гуфтаи Нодир, дар ин мулоқот навгониҳои охир ба самъи қирғизистониҳо расонида мешавад.

Ташкилкунандагон ният доранд, ҳар се моҳ як бор чунин ҷаласаҳоро доир намуда, ба муҳоҷирон ҳам навгониҳои қонунгузорӣ, ҳам маърифати молӣ ва ҳам фарҳанги маҳаллӣ омӯзонида мешавад.

XS
SM
MD
LG