Ссылки доступа

Умар Сафӣ: тонкҳои Толибонро русҳо дар Тоҷикистон тармим мекунанд


Умар Сафӣ, раиси пешини вилояти Кундузи Афғонистон мегӯяд, тонк ва техникаҳои вазнини ҳарбии Толибонро муҳандисони рус дар Тоҷикистон тармим мекунанд.

Вай дар суҳбат бо радиои паштузабони "Spogmai" гуфтааст, муҳимоти ҷангӣ ва воситаҳои нақлиёте, ки дар ҷараёни ҷанг аз нерӯҳои амниятии афғон ба дасти Толибон меафтанд, ба Тоҷикистон интиқол меёбанд.

"Баъди тармим техникаҳои ҳарбӣ дубора ба Афғонистон фиристода мешаванд", - изҳор доштааст вай. Ба гуфтаи Сафӣ, соли гузашта маҳз бо кумаки Русия Толибон тавонист ду бор вилояти Кундузро тасарруф кардааст.

Муҳаммадҷон Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон 2 январ иддаои раиси пешини Кундузро рад кард. Вале номбурда гуфт, "ин хабарро мавриди омӯзиш қарор хоҳанд дод".

Охирҳои соли гузашта низ мақомҳои амниятии Афғонистон ба хабаргузории "Франс-пресс" гуфтанд, дар марз бо Тоҷикистон силоҳҳои гуруҳи Толибонро мусодира карданд, ки истеҳсоли Русия ҳастанд. Ёдрас мешавем, Замир Кобулов, намояндаи президенти Русия дар Афғонистон ахиран зимни суҳбат бо хабаргузории "Анадолу" иртиботи Москва бо Толибонро тасдиқ кард.

"Мо дар робита ба масъалаҳои таъмини амнияти намояндагӣ ва шаҳрвандони Русия дар Афғонистон бо онҳо суҳбат мекунем. Ҳамчунин ба Толибон масоили марбут ба созиши қатъи даргириҳоро пешниҳод мекунем. Дар кадом сатҳ баргузор шудани ин гуфтугӯҳо махфӣ аст", - афзуд ӯ.

XS
SM
MD
LG