Ссылки доступа

Қазоқистон ба чанд кишвари дигар иҷозаи вуруди бе визаро дод


Қазоқистон барои ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо, кишварҳои Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд, инчунин Имороти Муттаҳидаи Арабӣ, Малайзия, Монако ва Сингапур визаро бекор кард.

Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии ин кишвар иттилоъ медиҳад, ки сар аз 1 январи соли 2017 шаҳрвандони кишварҳои зикршуда метавонанд бе виза ба Қазоқистон ворид шаванд ва то 30 рӯз истиқомат кунанд.

Ин сиёсат, ба гуфтаи Остона, имкон медиҳад, ки "сармояи бештаре ҷалб шавад ва сайёҳӣ рушд кунад". Қазоқистон ҳамчунин ният дорад, ки барои чанд кишвари дигар дарёфти визаро осон кунад.

XS
SM
MD
LG