Ссылки доступа

Дар Ӯзбекистон "набера"-и Бобои барфиро латукӯб карданд


Дар интернет наворе нашр шуд, ки дар он дида мешавад, як гуруҳи мардон ҷавонеро, ки либоси "набера"-и Бобои барфиро пӯшидааст, латукӯб мекунад.

Мардон ҷавонро дашном медиҳанд ва дар рӯяш мезананд. Дар навор дида мешавад, ки мардон ба Бобои барфӣ кордор нашуда, аммо аз ҳар тараф "набера"-и ӯро иҳота карда таҳқиру дашном мекунанд.

Соли гузашта дар вилояти Хоразми Ӯзбекистон низ ҳодисаи талоши таҷовуз ба "набера"-и Бобои барфӣ ба қайд гирифта шуда буд. Аз гуфтугӯи мардони дар наворбуда фаҳмида мешавад, ки ҳодисаи охир дар шаҳри Андиҷон сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG