Ссылки доступа

САҲА пешниҳод кард, ки дар интихоботи Туркманистон нозиронашро фиристад


Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) пешниҳод кард, ки нозиронашро барои баҳодиҳии интихоботи президентии Туркманистон фиристад. 12 феврал дар Туркманистон интихобот доир мешавад.

Пеш аз ин як гуруҳи таҳлилӣ ба Туркманистон омада, дар хулосааш навишт, ки дар ин кишвар озодиҳои асосӣ ва рақобати сиёсӣ мавҷуд нест, қонунҳои интихоботӣ бошанд ниёз ба коркард доранд. Гуруҳи мазкур машварат дод, ки ба ҷои нозирон ба ин кишвар барои кумак расонидан дар баргузории интихобот намоянда фиристад.

Дар ҳисоботи нозирони САҲА омадааст, ки дар низоми давлатии Туркманистон тақсими дақиқи ҳукумат сурат нагирифтааст ва озодиҳои шаҳрвандон сарфи назар мешавад. Ин ҳолат монеъ мешавад, ки интихобот тибқи стандартҳои САҲА баргузор гардад. Ҳамчунин дар ин ҳисобот зикр шудааст, ки расонаҳо зери назорати шадиди давлат ҳастанд ва дарёфти иттилоъ аз хориҷ маҳдуд шудааст.

Нозирони САҲА пешниҳод карданд, ки бо Туркманистон муколама ба роҳ монда шавад.

XS
SM
MD
LG