Ссылки доступа

Бишкек аз ВАО-и Туркия талаб дорад, ки узр пурсанд


Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон (КДАМ) мегӯяд, Яҳё Машрабов, шаҳрванди кишварашро дар ҳамлаи хунини ахири Истамбули Туркия гумонбар намедонад.

Ба гуфтаи ин ниҳод, Машрабов шаби 1 январ, замони рух додани ҳодиса дар Қирғизистон будааст. Дар пайи нашри акси шиносномаи Машрабов дар интернет КДАМ Қирғизистон ӯро даъват карда, баъди бозпурсӣ раҳо намудааст.

Дар ҳамин ҳол, Консулгарии Қирғизистон дар Истамбул аз як қатор ВАО-и Туркия, ки Машрабовро ҳамчун гумонбари ҳамла ба клуби шабонаи Рейна муаррифӣ карданд, хостааст, то раддия чоп кунанд. Консулгарӣ мегӯяд, бо масъулини нашрияҳои "TRT World", "Йени Шафақ" ва "Ҳурият" тамос гирифта, аз онҳо талаб кардааст, ки бо нашри раддия узр пурсанд.

Қаблан як қатор расонаҳои туркӣ бо истинод ба манобеи худ дар пулис иттилоъ доданд, ки эҳтимол дорад, ба клуби Истамбул шаҳрванди Қирғизистон ё Ӯзбекистон ҳамла карда бошад. Баъдан дар интернет акси шиносномаи Машрабов нашр шуд, ки расонаҳо гуфтанд, гумонбари ҳамлаи ахири Истамбул аст.

Шаби 31 декабр ба 1 январ шахси номаълуме корманди пулисро дар даромадгоҳи Рейна ба қатл расонида, баъди вориди толор шудан ба сӯи садҳо муштарии клуб оташ кушод, ки дар натиҷаи 39 одам кушта ва 69 тани дигар захмӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG