Ссылки доступа

Лоиҳаи қонуни Конгресс барои эълони таҳримҳои нав зидди Русия


Як гуруҳ аз сенаторҳои ҷумҳурихоҳу демократи Амрико лоиҳаи қонунеро таҳия кардаанд, ки эълони таҳримҳои нав зидди Кремлро пешбинӣ мекунад. Дар ин бора яке аз ташаббускорони лоиҳа ва сенатори демкорат Бен Кардин иттилоъ додааст.

Ба иттилои CNN, қарор аст, лоиҳаи мазкур ҳафтаи равон муаррифӣ шавад. "Ин лоиҳаи қонун, ки таҳримҳои иловагии Конгрессро зидди Кремл талаб мекунад, посух ба амалҳои Русия дар шарқи Аврупо, аз ҷумла ғасби Қрим ва ҳимоят аз режими Башор Асад хоҳад буд", - гуфтааст Кардин дар суҳбат бо CNN.

Ҳанӯз маълум нест, ки лоиҳа президенти нави ИМА-ро ба эълони таҳримҳои нав зидди Русия водор мекунад ё танҳо шароити ҳуқуқиро барои ҷорӣ кардани таҳримҳои густардатар фароҳам меоварад.

Барак Обама, президенти кунунии ИМА 29 декабри соли 2016 бо як фармон зидди хадамоти махсус, раҳбарони онҳо ва як қатор ширкатҳои Русия, ки ба ҳамлаҳои ҳакерӣ зидди Ҳизби демократ дар интихоботи президентии ахири Амрико гумонбаранд, таҳрим эълон кард.

Ҳамчунин аз Иёлоти Муттаҳида 35 дипломати рус, ки ба ҷосусӣ айбдоранд, берун карда шуд. Бештари қонунгузорҳои амрикоӣ аз эълони таҳримҳои нав пуштибонӣ карда, талаб доранд, ки қазияи дахолати Русия ба раванди интихобот аз сӯи порлумон таҳқиқ шавад.

XS
SM
MD
LG