Ссылки доступа

САҲА мехоҳад, Донбассро пурра зери назорат гирад


Себастян Куртс, раҳбари нави Созмони Амнияту Ҳамкорӣ дар Аврупо ва вазири федеролии умури ҳамгироӣ ва хориҷии Австрия мегӯяд, ин созмон ният дорад, минтақаи назоратро дар саросари Донбасс густариш диҳад.

Вай афзудааст, ки қатъи пурраи оташкушоӣ дар минтақаҳои даргир бояд асоси баргузории интихоботи одилона ва озод дар навоҳии алоҳидаи вилоятҳои Донетск ва Луганск бошад.

Павел Климкин, вазири умури хориҷии Украина гуфтааст, ки ҳайати нозирони САҲА ба минтақаҳои ишғолии Донбасс, ки аз идораи Киев берунанд, бояд дастрасии комил дошта бошад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин барои иҷрои пурраи қарордоди Минск таҳримҳо зидди Русия бояд пурзӯр шаванд.

Себастян Куртс дар посух ба суоли рӯзноманигорон, ки гуфтанд, чаро нозирони мусаллаҳи САҲА ба ин минтақаҳо сафарбар намешаванд, аз онҳо даъват кард, имкониятҳои созмонро воқеъбинона баҳо диҳанд. "Ба узвияти созмон 57 кишвар шомил аст ва ин гуна тасмимҳо якҷоя гирифта мешаванд", - афзуд ӯ.

Қаблан Киев гуфта буд, ки то баргузории интихоботҳои маҳаллӣ дар Донбасс (ки яке аз шартҳои қарордоди Минск оид ба ҳалли низоъ дар шарқи Украина аст) назорати марзи Украина ва Русия муваққатан ба зиммаи нозирони мусаллаҳи САҲА гузошта шавад.

Намояндагони ҷудоихоҳон зидди сафарбар шудани нозирони мусаллаҳи САҲА ба Донбасс шуда, таҳдид карданд, ки дар Луганск ва Донетск бо иштироки ҳазорҳо одам гирдиҳамоиҳои эътирозӣ ташкил хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG