Ссылки доступа

Нахустин нишасти хабарии президент Доналд Трамп


Нахустин нишасти хабарии Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА 11 январи соли равон дар Ню-Йорк баргузор мешавад. Дар ин бора худи Трамп дар Твиттер иттилоъ додааст.

Зимни нишаст Трамп хоҳад гуфт, ки чи гуна аз бархурди манфиатҳо пешгирӣ карда, вазифаи президентиро ҳамзамон бо соҳибкорӣ пеш мебарад.

Президенти тозаинтихоби ИМА то ба ҳол суҳбат бо ВАО ва сокинонро ба воситаи Твиттеру мусоҳибаҳои кутоҳ беҳтар шумурда, танҳо дар ҷамъомади ҳаводоронаш суханронӣ кардааст.

Вай изҳороти оммавии 3 январашро дар робита ба ҳамлаҳои ҳакерии Русия дар интихоботи президентии ахири Амрико ба рӯзи 6 январ гузошта, гуфт, маводе, ки дар ин замина хадамоти махсуси кишвараш ваъда кард, ҳанӯз дарёфт накардааст.

XS
SM
MD
LG