Ссылки доступа

Дар Қазоқистон парвандаи муҳаррири нашрия ба додгоҳ ирсол шуд


Парвандаи сармуҳаррири нашрияи Central Asia Monitor ва муассиси сомонаи "Радиоточка" Бигелди Габдуллин, ки бо гумони тамаъҷӯӣ боздошт шудааст, ба додгоҳ ирсол гардид.

Хадамоти зиддикоррупсионии Қазоқистон дар бораи боздошти Габдуллин миёнаҳои моҳи ноябр хабар дод. 17 ноябр додгоҳ ӯро ду моҳ ба ҳабси пешакӣ гирифт. Бино бар иттилои тафтишот, Габдуллини 62-сола "дар расонаҳои зери дасташ ба мақомоти давлатӣ ҳамла мекард" ва гӯё "аз мансабдорон тамаъҷӯӣ мекард". Вакилони Бигелди Габдуллин ин даъвоҳоро рад мекунанд.

26 декабр сармуҳаррири сомонаи Radiotochka.kz Бекжан Идрисов хабар дод, ки баъди фишорҳои мақомот Қазоқистонро тарк кардааст.

XS
SM
MD
LG