Ссылки доступа

Обама ҳамчун сарфармондеҳ бо артиши ИМА хайру хуш кард


Президенти амалкунандаи ИМА Барак Обама ҳамчун сарфармондеҳ бо нерӯҳои низомии кишвараш дар пойгоҳи Форт-Майери Вирҷиния худоҳофизӣ кард. Обама гузашти низомиро, ки ба хотири вай ташкил шуда буд, тамошо кард.

Баъди маросими низомӣ ба Обама барои талошҳояш дар соҳаи низомӣ медал тақдим шуд. Генерал Данфорд фаъолияти Обамаро ҳамчун сарфармондеҳ баҳои баланд дод. Дар сомонаи Кохи сафед мубориза бо терроризм ва маҳви Усома бин Лодан, таъсиси низоми зидди мушакӣ, пешгирӣ аз хушунатҳои Русия ҳамчун дастовардҳои Обама унвон шудааст.

Вазири мудофиаи ИМА Эштон Картер аз дастовардҳои ҳашт соли охири даврони президентии Обама тавсиф карда, гуфтааст, "дастовардҳо бо арзишҳои мо мутаносиб буданд". Картер ҳамчунин Обамро барои роҳбарии оқилонаи нерӯҳои низомӣ ва қабули қарорҳояш тавсиф кардааст.

20 январи соли 2017 Барак Обама аз курсии президентии ИМА канор меравад ва Доналд Трамп сари қудрат хоҳад омад.

XS
SM
MD
LG