Ссылки доступа

Ба донишҷӯёни Туркманистон амр шудааст, ки танҳо бо ҳавопаймо сафар кунанд


Раҳбарияти Муассисаҳои таҳсилоти Туркманистон аз донишҷӯёни худ, бахусус духтарон талаб доранд, ки ҳангоми равуо ба гӯшаву канори кишвар танҳо аз ҳавопаймо истифода кунанд. Мақомот дар ин бора донишҷӯёнро ҳанӯз як моҳ пеш аз оғози таътили зимистона огаҳ кардаанд.

"Декан моро огаҳ кард, ки минбаъд ҳангоми рафтан ба зиёрати падару модар ё хешовандон танҳо бо ҳавопаймо сафар кунем. Ин қарор аз ҷумла ба духтарон рабт дорад. Сафари онҳо бо мошини кироя ё воситаи дигари нақлиёти заминӣ манъ аст. Баъди анҷоми таътил бояд чиптаи тасдиқкунандаи сафарро ба раҳбарияти факултет пешниҳод кунем", - мегӯяд донишҷӯдухтари 20-солаи туркман.

Ба гуфтаи донишҷӯён, мақомот гуфтаанд, ки ин қарор бо мақсади пешгирӣ аз "ҳодисаҳои номатлуб" дар сатҳи олии давлатӣ гирифта шудааст. Бояд гуфт, талаботи нав барои донишҷӯёне, ки қасди сафар ё саёҳат ба шаҳру навоҳии дигари Туркманистонро доранд, мушкил эҷод хоҳад кард.

Донишҷӯён мегӯянд, иҷрои талаботи нави раҳбарияти донишгоҳҳо хеле мушкил аст, зеро шумори парвозҳо ба гӯшаву канори Туркманистон ба талаботи мусофирон ҷавобгӯ нест. Ҳавопаймо миёни вилоятҳои Дашоғузу Балкан, Балкану шаҳри Марӣ, Лебапу Дашоғуз ҳафтае як бор парвоз мекунад ва чиптаи он ҳам 15 рӯз пеш аз замони парвоз фурӯхта мешавад.

Ба ҷуз ин, ба донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти Туркманистон рондани мошин ва тарки ҳудуди хобгоҳ дар рӯзҳои истироҳат бидуни иҷозати махсус манъ аст.

XS
SM
MD
LG