Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон маҳдудияти рӯзонаи барқ бекор шуд


Сар аз 5-уми январ ҳама сокинони Тоҷикистон рӯзона бо барқ таъмин карда мешаванд. Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, ҳамакнун ба минтақаҳои Тоҷикистон ба муддати 17 соат нерӯи барқ дода хоҳад шуд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати “Барқи тоҷик” мегӯяд, шурӯъ аз ҳамин рӯз дар саросари Тоҷикистон сокинон аз соати 5-и субҳ то 22-и шаб бо нерӯи барқ таъмин хоҳанд шуд. То ҳол сокинони кишвар ба муддати 12 соат, аз соати 5 то 11-и субҳ ва аз 16 то 22 нерӯи барқ дарёфт мекарданд.

Дар ҳамин ҳол, маҳдудияти шабона аз соати 22 то 5 субҳ боқӣ мемонад.

Масъулони ширкати “Барқи тоҷик” беҳбуди вазъи таъмини сокинонро бо нерӯи барқ ба мавриди истифода қарор қарор гирифтани Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” дар моҳи гузашта рабт доданд. Рӯзи 8 декабри соли гузашта дар пойтахти Тоҷикистон Маркази барқу гармидиҳии “Душанбе-2” бо тавоноии 400 меговатт ифтитоҳ шуд. Ин марказ метавонад 60 дарсади сокинони Душанберо бо нерӯи барқ ва беш аз 500 бинои пойтахти Тоҷикистон бо гармӣ таъмин кунад.

Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" аз сӯи ширкати чинии ТВЕА бо сармояи муштараки Тоҷикистону Чин бунёд шудааст ва ба гуфтаи мақомоти тоҷик, арзиши умумии ин тарҳ 349 миллион доллари амрикоӣ буда, 17 миллиону 443 ҳазор доллари он саҳми Тоҷикистон мебошад. Сохтмони Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" дар моҳи сентябри соли 2014 оғоз шуда буд. Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки такмил шудани ин тарҳ барои таъмини гармӣ дар шаҳри Душанбе ва иқтидори саноатии пойтахт ва ноҳияҳои атроф мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG