Ссылки доступа

Қазоқистон дар рӯйхати маконҳои сайёҳии соли 2017


Нашрияи амрикоии New York Times (NYT) Қазоқистонро дар рӯйхати маконҳои ҷолиби сайёҳии ҷаҳон ҷой додааст. Дар рӯйхати соли 2017 ҳамагӣ 52 макон зикр шудааст.

Нашрия Қазоқистонро ҳамчун кишвари дорои нафт тавсиф карда, навиштааст, ки дар пойтахти он соли ҷорӣ намоишгоҳи байналхалқии EXPO-2017 барпо мешавад.

Дар идома омадааст, қаторкуҳҳои Тян-Шани Ғарбӣ, ки аз ҳудуди Қазоқистон мегузарад, ба рӯйхати мероси ғайримоддии ЮНЕСКО шомил шудаанд.

Дар рӯйхати нашрияи амрикоӣ дар ҷойи аввал Канада ҷойгир аст. Дар идома саҳрои Атакама дар Чили, шаҳри Аграи Ҳинд, осоишгоҳи Тсерматт дар Швейтсария ва Ботсвана омадаанд.

XS
SM
MD
LG