Ссылки доступа

Таркиш дар Измири Туркия 2 кушта ва 5 захмӣ бар ҷой гузошт


Дар натиҷаи таркиши назди бинои додгоҳи Измири Туркия ду нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шудаанд.

Ба иттилои хабаргузории Рейтер, раиси шаҳри Измир гуфтааст, ҳамлагарони мусаллаҳ нахуст бо кормандони пулис даргир шуда, баъдан мошини муҷаҳҳаз бо маводи таркандаро мунфаҷир сохтаанд.

Ба гуфтаи ӯ, вазъи баъзеи захмиён вазнин арзёбӣ мешавад. Бар пояи маълумоти пешакӣ, кормандони пулис ду ҳамлагарро нобуд сохта, севумӣ тавонистааст фирор кунад. Дар бораи ҳамлагарони эҳтимолӣ ва сабабҳои ҳодиса чизе гуфта намешавад.

Шаби 1 январ низ ба клуби шабонаи Рейнаи Истамбул ҳамлаи хунин сурат гирифта, дар натиҷаи он 39 одам кушта ва 69 тани дигар захмӣ шуданд. Масъулияти ҳамларо гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" ба зимма гирифт.

XS
SM
MD
LG