Ссылки доступа

Баррасии ҳамлаҳои киберии Русия дар Сенат


Намояндагони ҷомеаи иктишофии ИМА зимни ҷаласае дар Сенат гуфтаанд, ки бо боварии комил метавон даст доштани Русияро дар рахнаи компютерҳои Ҳизби демократ ва почтаи электронии Ҷон Подест, мушовири Ҳиллари Клинтон тасдиқ кард.

Ҷон Маккейн, раиси кумитаи Сенат дар умури қувваҳои мусаллаҳ гуфтааст, маълумоти хадамоти иктишофӣ дар бораи даст доштани Русия дар ҳамлаҳои киберӣ натиҷаҳои интихоботи президентиро, ки бо пирӯзии Доналд Трамп анҷомид, зери суол нахоҳад бурд.

Ҷеймс Клэппери хурдӣ, сардори иктишофи миллии ИМА мегӯяд, ҳамлаҳои ҳакерӣ дар мувофиқа бо мақомҳои баландпояи Русия сурат гирифтаанд. Аммо ӯ аз бурдани номҳои мушаххас худдорӣ кард.

Маккейн ба андешидани сиёсати амнияти киберию низоми посух ба ҳамлаҳои ҳакерӣ ва чораҳои зиддитаблиғотӣ дар мубориза бо иттилои дурӯғ, ки аз сӯи Кремл паҳн мешавад, даъват карда, аз Русия, Куриёи Шимолӣ ва Чин ҳамчун кишварҳои анҷомдиҳандаи ҳамлаҳои киберӣ зидди ИМА ном бурдааст.

Ҷеймс Клэппер таъкид кард, ки муқобала бо хатарҳои киберӣ набояд ба поймолшавии ҳуқуқи инсон сабаб шавад.

Раҳбари хадамоти иктишофии ИМА афзудааст, ки Москва бо ҳамлаҳои киберӣ талош намуд, дар баробари расонидани таъсир ба раванди интихобот робитаи Вашингтонро низ бо кишварҳои Аврупо ба ҳам занад. Ба гуфтаи ӯ, ҳамкорӣ дар доираи НАТО-ро барои муқобала бо таҳдидҳои киберии Русия ҳанӯз наметавон қонеъкунанда хонд.

XS
SM
MD
LG