Ссылки доступа

Сардори хадамоти иҷрои ҷазои Ӯзбекистон қабулгоҳи маҷозӣ таъсис дод


Сардори раёсати асосии иҷрои ҷазои вазорати корҳои дохилии Ӯзбекистон аз кушодашавии қабулгоҳи интернетӣ хабар дод. Хешовандони зиндониёне, ки шиканҷа шудаанд, метавонанд ба ин қабулгоҳ муроҷиат кунанд.

Тавре дар сомона зикр шудааст, ҳар муроҷиати интернетӣ ҳамчун шикояти расмӣ қабул карда мешавад.

Раёсати иҷрои ҷазои Ӯзбекистон ваъда медиҳад, ки шикояти интернетии шаҳрвандонро давоми 10 рӯз баррасӣ мекунад.

Президенти тозаинтихоби Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо содир кардани як фармон, ҷазои бе посух мондани муроҷиатҳои интернетии шаҳрвандонро сангин кард.

XS
SM
MD
LG