Ссылки доступа

Дар Истамбул шаҳрванди Туркманистонро иштибоҳан лату кӯб карданд


Сокинони як ноҳияи Истамбул шаҳрванди Туркманистонро бо гумонбари ҳамлаи клуби шабона иштибоҳ гирифта, лату кӯб кардаанд.

Сайёҳи туркман мехост фирор кунад, аммо боздошт шуда, шадидан лату кӯб шудааст. Баъдтар сайёҳро ба идораи пулис оварда, мушаххас кардаанд, ки вай гумонбари ҳамлаи террористӣ нест. Аммо мақомот ӯро ба далели гузаштани муҳлати визааш аз Туркия хориҷ кардаанд.

Шаби солинавӣ нафари мусаллаҳе бо либоси Бобои барфӣ вориди клуби шабона шуда, тир кушод. Ин мусаллаҳ 39 нафарро кушт. Масъулияти ҳамларо "Давлати исломӣ" бар зимма гирифтааст.

XS
SM
MD
LG