Ба иттилои Департаменти давлатӣ ва Вазорати молияи ИМА Ҳамза ибни Лодин террористи байналмилалӣ эълон гардидааст. Падари ӯ соли 2011 дар натиҷаи як амалиёти хадамоти махсуси Амрико дар Покистон кушта шуд.
Моҳи июни соли 2016 наворе дар Интернет пахш шуд, ки гӯиё дар он Ҳамза ибни Лодин ИМА-ро барои куштори падараш таҳдид ва Вашингтонро ба саркӯби мусулмонҳо айбдор мекунад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки Ҳамза ибни Лодин барои ба зимма гирифтани раҳбарии ал-Қоида омодагӣ мебинад.