Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон бонкҳои буҳронӣ пасандози муштариёнро бармегардонанд


Моҳи декабр ҳукумати Тоҷикистон ба хотири пуштибонии молӣ ба 4 бонки тиҷоратӣ - "Тоҷиксодиротбонк", "Агроинвестбонк", "Фононбонк" ва "Тоҷпромбонк" 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ кӯмак кард.

Раҳмоналӣ Шералиев, сухангӯи “Тоҷиксодиротбонк” мегӯяд, ҳоло муштариён метавонанд дар як рӯз аз банкомат 100 сомонӣ гирифта ва аз тариқи POS-терминалҳои бонк дар марказҳои савдо рӯзе ба миқдори 200 сомонӣ молу мавод харидорӣ кунанд.

Ба гуфтаи Шералиев, аз рӯзи 3 январи соли ҷорӣ раванди бозгардондани пасандозҳо ба муштариён оғоз ёфтааст. “Ин пасандозҳо ҳар моҳ қисм-қисм, муодили 200 доллар бо сомонӣ пардохт мешавад. Пас аз расидани маблағҳои ҳукумат, миқдори додани пасандозҳо зиёд шуда ва дар муддати як сол ин пасандозҳо ба муштариён бозгардонда мешавад”, - гуфт Раҳмоналӣ Шералиев.

Ба гуфтаи як корманди масъули “Агроинвестбонк” феълан банкоматҳои ин бонк ба таври фаъол ба кор дароварда нашудаанд ва ба муштариёнашон танҳо рӯзҳои сешанбею панҷшанбе аз тариқи талон ҳадди аксар 500 сомонӣ пардохт мешавад. Дар назар аст, ки то ҳафтаи оянда банкоматҳои “Агроинвестбонк” пурра фаъол шаванд.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, коғазҳои қиматнок ба маблағи 3 миллиарду 850 миллион сомонӣ бароварда шуда ва бахши умдаи он, яъне, вексели давлатӣ ба маблағи 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ ба “Тоҷиксодиротбонк” тавзеъ хоҳад шуд. Саҳми бонкҳои “Агроинвестбонк” 1 миллиарду 70 миллион сомонӣ, “Тоҷпромбонк” 450 миллион сомонӣ ва “Фононбонк” 80 миллион сомонӣ хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG