Ссылки доступа

Каримов ва Мирзиёев дар рӯйхати чеҳраҳои байналхалқии соли 2016


Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов ва президенти тозаинтихоби ин кишвар Шавкат Мирзиёев ба рӯйхати 40 чеҳраи байналхалқии соли 2016 шомил шудаанд. Ин рӯйхатро як маркази таҳлилии Испания - Маркази муносибатҳои байналхалқии Барселона тартиб додааст.

Ҳамасола дар ин рӯйхат чеҳраҳои сиёсии барҷаста ва фаъолони ҷамъиятии саросари ҷаҳон, инчунин созмонҳои ғайридавлатӣ шомил мешаванд.

Тартибдиҳандагони рӯйхат навиштаанд, ки "фаъоли давлативу сиёсӣ Ислом Каримов муассиси давлати мустақил буд ва дар ташкили Ӯзбекистони пасошӯравӣ нақши намоён дошт".

Ба навиштаи марказ, сарвазири пешин ва акнун президенти феълии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар интихобот бо касби наздики 90 дарсади раъйи мардум пирӯзии бебаҳсеро соҳиб шуд. Дар даврони роҳбарии Мирзиёев мешавад тамоюлҳои наверо дар самти сиёсати хориҷӣ мушоҳида кард.

Дар ин рӯйхат роҳбари пешини Куба Фидел Кастро, ки имсол даргузашт ва президенти тозаинтихоби ИМА Доналд Трамп низ шомил шудаанд.

XS
SM
MD
LG