Ссылки доступа

Тоҷикистон изҳороти Кӯчиро "тааҷҷубомез ва таассуфовар" хонд


Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон назарҳои Абдулқаюми Кӯчӣ (Кӯчай), сафири Афғонистон дар Русияро дар бораи мардуми тоҷик ва кишвар расман маҳкум карда, онро "ғайри қобили қабул" хонд.

Кӯчӣ дар суҳбат бо як видеоблоги афғонӣ гуфт, "дар Тоҷикистон гурӯҳҳои пурқуввати мафиёӣ ҳастанд, ки бо қочоқи маводи мухаддири Афғонистон машғуланд".

Дар баёнияи ВКХ Тоҷикистон, ки 12 январ нашр шуд, омадааст, ки дар ин росто сафири Афғонистон дар Душанбе 31 декабр ба вазорат даъват шуда ва ба ӯ ёддошти эътирозӣ супурда шудааст. Дар ин ёддошт "нигаронии шадид ва тааҷҷуби ҷониби Тоҷикистон дар иртибот ба гузориши таҳқиромези сафири Афғонистон дар Русия нисбат ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистон" баён гардидааст.

Давлати Тоҷикистон ба ҷониби Кобул "қотеъона" тавсия додааст, то суханони "номатлуб"-и Абдулқаюми Кӯчӣ, шахси расмии Афғонистонро ҳамаҷониба таҳлил карда, чораҳои муассир биандешад. Мақомоти сафорати Афғонистон дар Душанбе қаблан гуфта буданд, ки суханони Абдулқаюм Кӯчӣ дар робита ба Тоҷикистон назари шахсии ӯст ва баёнгари мавқеи расмии Кобул нест.

Абдулқаюм Кӯчӣ моҳи гузашта дар гуфтугӯи телевизионӣ бо хабарнигори афғон Шафеъ Аёр гуфт, "мофиёи маводи мухаддир дар Тоҷикистон" дар раванди интиқол ва қочоқи маводи мухаддири Афғонистон даст дорад. Ин навор чанд рӯз пеш дар шабакаи Ютуб пайдо шудааст ва оқои Кӯчӣ дар ин сӯҳбат аз як мулоқоташ бо мақомҳои рус ҳам ёдовар шуда, гуфтааст, "маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мофиёи Тоҷикистон аст."

Хушнуд Раҳматуллоев, сухангӯи Агентии мубориза бо қочоқи маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, дар кишвар ҳеч гуна гуруҳи мофиёӣ вуҷуд надорад. "Аммо баъзе гуруҳҳои муташаккили ҷиноӣ ҳастанд, ки ба қочоқи маводи мухаддир даст мезананд ва миёни онҳо шаҳрвандони Афғонистон низ ҳастанд", - афзуд вай.

XS
SM
MD
LG