Ссылки доступа

Дар Қирғизистон соҳиби бори "Боинг"-и суқуткардаро меҷӯянд


Дар порлумони Қирғизистон барои таҳқиқ ва пайдо кардани соҳиби бори ҳавопаймои суқуткарда, аз ҳисоби вакилон комиссияи муваққатӣ ташкил шуд.

Ташкили чунин комиссияро се фраксия пешниҳод кардааст. Ба гӯш кардани сабти "қутти сиёҳ" ва сабабҳои суқути ҳавопаймо кумитаи авиатсионии махсуси байнидавлатӣ машғул мешавад. Комиссияи вакилон бошад, ба ҷустуҷӯи соҳиби бори дохили ҳавопаймо мепардозад.

Ҳавопаймои борбари "Боинг-747-400" субҳи 16 январ соати 7:20 дақиқа дар наздикии фурудгоши "Манас"-и Бишкек суқут кард. Ин ҳавопаймо дар масири "Гонконг-Бишкек-Истамбул" парвоз дошт.

Пештар ҳукумати Қирғизистон хабар дода буд, ки ҳавопаймо барои гирифтани сӯзишворӣ мехост фуруд ояд. Аммо ширкати ACT Airlines - соҳиби ҳавопаймо хабар дод, ки он барои холӣ кардани бораш бояд дар Бишкек фуруд меомад.

Дар пайи суқути ҳавопаймо 38 одам, аз ҷумла 34 шаҳрванди Қирғизистон ва 4 шаҳрванди Туркия кушта шуд.

XS
SM
MD
LG