Ссылки доступа

Доналд Трамп имрӯз савганд ёд мекунад


Доналд Трамп, президенти тозаинтихоби ИМА имрӯз ба сари қудрат меояд. Вай 19 январ вориди Вашингтон шуд. Майк Пенс, ноиб-президенти ИМА низ имрӯз савганд ёд мекунад.

Дар маросими савганд президенти амалкунанда Барак Обама ва ноиб-президенти феълӣ Ҷо Байден бо хонаводаҳояшон ширкат мекунанд.

Роҳбарони пешини ИМА Ҷими Картер, Ҷорҷ Буши хурдӣ, Билл Клинтон ва ҳамсараш Ҳиллари, ки дар интихобот рақиби Трамп буд, низ дар ин маросим ҳузур хоҳанд дошт.

Дар остонаи савгандёдкунӣ Доналд Трамп рӯи қабри Сарбози гумном дар қабристони Арлингтон гул гузошт ва ҳамчунин дар консерти идона ширкат кард. "Мо мехоҳем, Амрикоро муттаҳид ва дубора бузург кунем - барои ҳама", - гуфт Трамп дар консерт.

Барои таъмини амният, хатти ҳимоявӣ бо иштироки наздики 28 ҳазор корманди пулис, панҷараҳо, садҳои махсус дар роҳҳо ва мошинҳои қум дар майдони масоҳаташ 8 километри мураббаъ дар маркази Вашингтон ҷойгир карда шуд.

Мухолифони президенти нав дар ин рӯз мехоҳанд, дар пойтахти Амрико, инчунин Ню-Йорк ва шаҳрҳои дигар раҳпаймоӣ ва эътирозҳо барпо кунанд.

XS
SM
MD
LG