Ссылки доступа

Ӯзбекистон хостори ҳалли зудтари масъалаи марз шуд


Ӯзбекистон бо чаҳор кишвари ҳаммарзаш масъалаи муайянсозӣ ва аломатгузории сарҳади давлатиро аз сар мегирад. Ин нукта дар лоиҳаи фармони президенти Ӯзбекистон дар бораи Стратегияи амал барои рушди минбаъдаи кишвар дар солҳои 2017-2021 зикр шудааст.

Тавре расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳанд, вазоратҳо ва ниҳодҳои марбутаи Ӯзбекистон вазифадор шудаанд, ки давоми се моҳи аввали соли ҷорӣ нақшаи муайянсозӣ ва аломатгузории марзро омода кунанд.

Ниҳодҳои ин кишвар пеш аз ҳама бояд баҳси марзиро бо Қирғизистон ҳал кунанд.

Дар идомаи ҳуҷҷат омадааст, ки гуфтугӯҳои марзӣ бо ҷониби Қазоқистон дар минтақаҳои баҳсии вилояти Сирдарё, Ҷиззах ва Навоӣ, инчунин Ҷумҳурии Қарақалпоқистон, ки бо вилоятҳои Қазоқистон ҷанубӣ, Қизилорад, Оқтеппа ва Мангистауи Қазоқистон ҳаммарз аст, ба роҳ монда шавад.

Ба ҷуз ин, президенти Ӯзбекистон мегӯяд, барои ҳалли қитъаҳои баҳсии марз бо ҷониби Тоҷикистон ва Туркманистон низ гуфтугӯҳо аз сар гирифта шавад.

XS
SM
MD
LG