Ссылки доступа

Раҳимзода: Дар як сол 36 нақшаи террористӣ хунсо шуд


Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон 20 январ дар нишасти хабарӣ гуфт, соли 2016 дар кишвар аз 36 амали террористӣ пешгирӣ шуд ва дар робита ба ин тарҳрезиҳо 50 нафар боздошт гаштанд.

Ба гуфтаи ӯ, боздоштшудаҳо қасд доштанд, ки зидди шахсиятҳои алоҳида низ сӯиқасд анҷом диҳанд.

Вазири умури дохилӣ мегӯяд, ҳамаи дастгиршудаҳо шаҳрвандони Тоҷикистонанд, ки ба гуруҳи террористии "Давлати исломӣ" пайвастаанд. "Давоми соли гузашта 34 гурӯҳи муташаккили ҷиноиро нобуд ва 169 узвашонро дастгир кардем", -- изҳор дошт вазир.

Рамазон Раҳимзода афзуд, ки ҳарчанд дар бархе аз минтақаҳои марзи Тоҷикистон бо Афғонистон гурӯҳҳои террористӣ ҷамъ омадаанд, вазъ дар сарҳад мӯътадил аст. "Мо дар ҳамкорӣ бо мақомоти афғон фаъолияти ин гурӯҳҳоро зери назорат дорем, то аз воридшавияшон ба Тоҷикистон пешгирӣ кунем", -- гуфт ӯ.

Вай гуфт, шумораи дақиқи шаҳрвандони кишвар, ки ба "Давлати исломӣ" дар Афғонистон пайвастаанд, маълум нест, аммо теъдоди ҷангиёне, ки дар марз ҷамъ омадаанд, ба 2,5 ҳазор нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG