Ссылки доступа

Норозигии вакилон аз истироҳати кормандони гумруки Қирғизистон дар хориҷа


Истироҳати раҳбарони Хадамоти гумруки Қирғизистон дар рӯзҳои Соли нав дар хориҷа норозигии вакилони порлумони ин кишварро ба бор овардааст. Алтинбек Сулаймонов, раҳбари ҷиноҳи "Бир Бол" пешниҳод кард, ки барои таҳқиқи масъалаи мазкур гуруҳи корӣ таъсис ёбад.

Вай дар ҷаласаи Кумитаи умури молию буҷаи порлумон раиси Хадамоти гумрук Азамат Сулаймоновро танқид кард, ки аз ҳоли кормандонаш хабар надорад.

Вакил гуфт, пеш аз Соли нав зиёда аз 230 корманди Хадамоти гумруки Қирғизистон рухсатӣ гирифта, як қатор мансабдорони хадамот, аз муовини раис то сардорони шуъбаю идораҳо рӯзҳои соли навро дар хориҷ таҷлил карданд ва барои ошкор нашудани макони истироҳати худ ба воситаи фурудгоҳи Алмаато парвоз намудаанд.

"Шумо бояд донед, ки зертобеонатон дар куҷоянд. Кормандони Хадамоти гумрук шахсонеанд, ки маълумоти муҳимми давлатиро дар ихтиёр доранд. Нақша иҷро нашудаасту онҳо ба хориҷ, боз бо "бизнес-класс" парвоз мекунанд. Аз куҷо чунин сарватмандӣ?", - афзуд вакил.

Алтинбек Сулаймонов пешниҳод кард, барои тафтиши амалҳои коррупсионӣ ва масъалаҳои кадрии Хадамоти гумруки Қирғизистон гуруҳи корӣ таъсис дода шавад.

Ба иттилои хадамот, то 31 декабри соли гузашта 232 корманди ин ниҳод рухсатии меҳнатӣ гирифтаанд. "Танҳо ҳудуди даҳ тани онҳо бо сабабҳои оилавӣ дар хориҷ буданд", - мегӯяд сухангӯи Хадамоти гумруки Қирғизистон Жаманак Мусурканов. Ба гуфтаи Мусурканов, ҳамаи кормандони онҳо аз пайомадҳои ифшои сирри давлатӣ огаҳ карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Чолпонкул Арабаев, раиси пешини Хадамоти гумруки Қирғизистон мегӯяд, хабари истироҳати солинавии кормандони ин ниҳод дар хориҷ норозигии шаҳрвандонро аз кори ниҳодҳои давлатӣ бештар кард. Ба гуфтаи вай, дар робита ба ин масъала бояд чораҳо зарурӣ андешид, то ба мансабдорони дигар дарси ибрат шавад.

"Албатта, ҳар кас ҳақ дорад, ки истироҳаташро дар куҷо ва чи гуна мехоҳад, гузаронад. Вале хидматчиёни давлатӣ бояд вазъи ҳоким дар кишварро ба назар гиранд.Вазифаҳои ниҳодҳои гумруку андоз сердаромадтарин мақомҳо дар кишвар шумурда мешаванд. Порлумон кори дуруст кард, ки ин масъаларо бардошт", - илова кард Арабаев.

XS
SM
MD
LG