Ссылки доступа

Ҳукми ҳабси абади Азимҷон Аскаров бетағйир монд


Додгоҳи вилояти Чуйи Қирғизистон 24 январ гуфт, сухани шоҳидон ва ҷабрдидаҳо гуноҳи Азимҷон Аскаровро дубора исбот карда, иддаои шиканҷа шудани ӯ ва нодуруст сурат гирифтани тафтишот тасдиқи худро наёфтанд.

Аскаров мегӯяд, гуруснанишинӣ эълон хоҳад кард.

Вай қаблан, дар сухани охирин ҳамаи айбҳоро ғайриқонунӣ ва худро бегуноҳ хонд. Вакилони дифоаш аз додгоҳ хостанд, ки ӯро ба далели набудани ҷиноят дар кирдораш ва бар пояи дархости Кумитаи ҳуқуқи башари СММ озод кунад. Вале айбдоркунандаи давлатӣ талаб кард, ки ҳукми абади Азимҷон Аскаров тағйир дода нашавад.

Азимҷон Аскаров, яке аз ҳомиёни ҳуқуқи ноҳияи Бозор-Қурғони вилояти Ҷалолобод баъди даргириҳои қавмии байни қирғиз ва ӯзбекҳо дар моҳи июни соли 2010 бо гумони ташкили бетартибиҳо ва ширкат дар куштори корманди пулис боздошт шуд. Бо қарори ҳамаи зинаҳои додгоҳӣ вай ба ҳабси абад маҳкум гардид.

Моҳи апрели соли 2016 Кумитаи ҳифзи ҳуқуқи инсони СММ аз мақомоти Қирғизистон даъват кард, ки ҳукми Аскаров бозбинӣ шавад.

XS
SM
MD
LG