Ссылки доступа

Боздошти даҳҳо навҷавон дар интернет-кафеҳои Душанбе


Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод дар пайи амалиёте беш аз 30 навҷавонро боздошт кардаанд, ки шабона дар интернет-кафе ба бозиҳои дорои хусусияти зӯроварӣ машғул буданд.

Амалиёти мазкур дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе сурат гирифта, ҳамаи боздоштшудаҳо баъди суҳбат озод гаштаанд: "Аммо зидди волидайнашон барои нақзи қонуни “Масъулияти падару модар" парвандаи маъмурӣ боз шуд", - афзудааст ин ниҳод.

Нисбати моликони интернет-кафеҳо барои он ки ба ноболиғон иҷозат додаанд, бо бозиҳои хушунатомез машғул шаванд, санад тартиб дода шудааст. Ду ҳафта пеш нозирони ВКД кишвар ба соҳибони Марказҳои бозии компютерӣ, букмекерӣ ва интернет-кафеҳо ҳушдор доданд, ки мактаббачагонро ҳамчун муштарӣ ба коргоҳи худ роҳ надиҳанд. Дар сурати ғайр ҷарима карда хоҳанд шуд.

Ин тасмим баъд аз моҷарои хунини ҷавонони маҳаллаҳои 102 ва 103-юми пойтахт гирифта шуд, ки занозании онҳо дар шаби 2 ба 3 январ ду кушта бар ҷой гузошт. Тафтиш нишон додаанд, ки ин ҷавонон муштариёни марказҳои интернетӣ будаанд.

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон ахиран гуфтанд, ки дар робита ба ин қазия 13 нафар боздошт шуда, ҷустуҷӯи 2 каси дигар идома дорад. Ба гуфтаи Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии кишвар то ба ҳол 500 нафар дар ин робита бозпурсӣ шудааст. Вазир гуфт, ки дар ин ҷиноят 55 дарсад кормандони милиса гунаҳкоранд, ки натавонистанд, аз он пешгирӣ кунанд. Ӯ ҳамчунин волидайн ва мактабро дар рух додани ҳодисаҳои мазкур гунаҳкор донист.

XS
SM
MD
LG