Муҳаққиқони созмон мегӯянд, ки мубориза бо фасод дар сохторҳои давлатии Тоҷикистон муассир нест ва ҳамоно ниҳодҳои масъули низоми додгустарӣ ва полис аз бахшҳои олудатарин ба фасод шумурда мешаванд.
Светлана Савитская, мутахассиси Transparency International оид ба муборза бо фасод дар Осиёи Марказӣ ба Сулаймон Султонзода, раиси нави Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон тавсия додааст, ки дар кори худ мустқил буда, назари рӯзноманигорони бетараф ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро низ ба инобат гирад. Ба гуфтаи вай, Султонзода бояд волоияти қонунро таъмин ва бетарафии сиёсиро риоя кунад.
Гузориши нави созмони Transparency International, ки 25 январ нашр шуд, имсол бо паёми “Фасод ва нобаробарӣ бояд хотима ёбад” ироа шудааст. Муаллифони гузориш мегӯянд, ки дар соли 2016 коррупсияи саросарӣ ва нобаробарии иҷтимоӣ ҳамқадам будаанд ва дар бисёр манотиқи ҷаҳон мардум аз раҳбарияти сиёсии кишварҳои худ ноумед шуда, ҳузури сиёсатмадорони популист бештар шудааст.
Аз миёни 176 давлат 69 дарсадашон нишондодҳои баланди фасодро ба намоиш гузоштаанд ва мардум дар ин кишварҳо гуфтаанд, ки мизони коррупсия дар давлати онҳо баланд аст.
Ёдрас мешавем, Transparency International 16 ноябри соли гузашта бо нашри гузориши "Мардум ва коррупсия"-и худ гуфта буд, ки 50% пурсидашудаҳо дар Тоҷикистон тасдиқ кардаанд, ки тайи 12 моҳи ахир барои иҷрои корҳояшон ришва додаанд